Вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нигматуллин Нурлан Зайруллаевич

24.09.2021 02:10

24 сентябри соли 2021 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нигматуллин Нурлан Зайруллаевич мулоқот намуданд.

Зикр гардид, ки муколамаи мунтазаму самимии Сарони давлатҳо ба тақвияти рушди муносибатҳои ду кишвари дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷумҳурии Қазоқистонро яке аз шарикони калидии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории шарикӣ бо Қазоқистон дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи калон дорад. Дар ин самт ба муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва иҷтимоиву башардӯстӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шуд.

    

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg