Субҳи 24 сентябр дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар шаҳри Нур-Султон дар маросими гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иҷрои амалии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб рафта, он дар яке аз гӯшаҳои зебову дилписанди шаҳри Нур-Султон, дар кӯчаи ба номи Анатолий Храпатий дар масоҳати 1,0 га. бунёд мегардад.
Лоиҳаи иншооти бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафоратхона аз бинои 5- ошёнаи Сафорат бо масоҳати 3939,6 метри мураббаъ, бинои консулгарӣ бо масоҳати 446,4 метри мураббаъ, қароргоҳи сафир бо масоҳати 713,4 метри мураббаъ, хонаи истиқоматии 6-ошёна барои кормандон бо масоҳати 2517,2 метри мураббаъ, толорҳои зиёфат ва маҷлис дар масоҳати 648 метри мураббаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ ва нуқтаҳои техникӣ иборат мебошад.
Инчунин, баъд аз гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндагони Диаспораҳои тоҷикони муқими Қазоқистон вохӯрӣ намуданд.
Бояд қайд, ки Диаспораҳои тоҷикони муқими Қазоқистон ва қазоқони сокини Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири робитаҳои дустонаи кишварҳо ба ҳисоб рафта, дар раванди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷонибҳо мақоми хоссаро ишғол менамоянд. Шумораи умумии тоҷикони муқими Қазоқистон дар маҷмӯъ беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.