Таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон

25.09.2021 02:32

 

24 сентябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон 30-юмин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти расмии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, савдо ва ҳамгироӣ, ҳайати корпуси дипломатӣ ва роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони муқими Қазоқистон ҷашн гирифта шуд.

 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳамоиши идонаро ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти хоссаи ин рӯзи муқаддас барои мардуми Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу осоиш дар кишвар, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сухан ронд.

Ба муносибати ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Зеникенович Сиздиков муборакбодӣ намуд.

Роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии тоҷикон ва саҳми муассир дар таҳкиму рушди робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Қазоқистон бо сипосномаҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шабнишинӣ бо рақсу сурудҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои ансамбли Академия хореографии «НОМАД»-и Қазоқистон оро дода шуд.

Дар доираи чорабинӣ ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоноид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg