Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ

18.10.2019 04:10

Миёни Тоҷикистону Фаронса шурӯъ аз декабри соли 2016 абзори машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ба роҳ монда шудааст. 12 декабри соли 2024 даври шашуми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса дар шаҳри Париж баргузор гардид. Дар нишаст маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амнияти минтақавӣ, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари муносибатҳои гуногунҷанба ва дар марҳилаҳои навбатӣ татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак таъкид гардиданд.

 

Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса (12 декабри соли 2024, шаҳри Париж)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg