Ҳамкориҳои иқтисодӣ

18.10.2019 04:09

Ҳаҷми савдои беруна миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соли 2019, 5,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.

Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни ҳол атрофи 10 ширкату корхонаҳои Фаронса, аз ҷумла Airbus, Alstom, Auchan, Coyne et Bellier, Gemalto, Isover Saint-Gobain, L'Oreal, Michelin, Nutristar, Sofreco ва ғайраҳо, фаъолият мекунанд. 

7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Ҷумҳурии Фаронса мулоқот анҷом доданд, ки аз натиҷаи он барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" ва Иттиҳодияи "MEDEF International"-и Ҷумҳурии Фаронса.

- Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Fives” бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко”. Мавриди зикр аст, ки 45 сол қабл коргоҳи анодпазӣ аз тарафи ширкати “Fives” сохта шуда буд.

- Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”, ширкати фаронсавии “Fives” ва ширкати олмонии “Riedhammer” оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии ширкати “Талко”.

- Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Airbus”-и аврупоӣ ва ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”-и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо. Мавриди зикр аст, ки ширкати “Сомонэйр” аллакай як адад чархболро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва боз 5 чархболи дигар ворид мегардад.

- Созишнома байни ширкати фаронсавии “Laboratoire INNOTECH International” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифат ФАРМА”-и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ.

- Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амид”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Schiever Group”-и Ҷумҳурии Фаронса оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии "ITC School Ecole42".

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg