Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса

09.08.2019 11:56

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо Ҷумҳурии Фаронса

 

Шарҳи мухтасари робитаҳо

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

Сафорати Тоҷикистон дар Париж ҳамзамон (аз моҳи апрели соли 2018) Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло (аз моҳи январи соли 2018) мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран (аз моҳи феврали соли 2021) мебошад.

Фаронса яке аз давлатҳоест, ки ҳанӯз соли 1991 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат махсусан оғоз аз соли 2002 то соли 2013, яъне дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба таври васеъ инкишоф ёфтанд.

Аз абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа ва ниҳодҳои қудратии ҳар ду кишвар, ҳамоишҳои соҳибкорони ду давлат, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.

30-солагии барқарорсозии робитаҳои дипломатии ҳар ду кишвар моҳи марти соли 2022 тавассути табодули табрикномаҳо ҷашн гирифта шуд.

 

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ

Миёни Тоҷикистону Фаронса 23 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

 

Ташрифҳои мутақобила

 Ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Фаронса замина гузоштанд.

Ташрифи котиби давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ ҷаноби Ален Вивен ба шаҳри Душанбе моҳи марти соли 1992 далели гуфтаҳои болост. Дар рафти ташриф масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва берунии ду мамлакат, роҳҳои инкишофи муносибатҳои дутарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин маросими имзои Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса моҳи декабри соли 2002 нишондиҳандаи манфиатдории тарафҳо дар тақвиятёбии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ такони иловагӣ бахшид. Дар доираи сафар Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид. 

Дар солҳои 2000-ум робитаҳои дуҷониба дар сатҳи баланд инкишоф ёфтанд. Ба таври мисол метавон ба чунин ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ишора кард: ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардани вазири ҳамкорӣ ва франкофонияи Ҷумҳурии Фаронса ҷаноби Шарл Жосселан моҳи феврали соли 1999, вазири мудофиаи Фаронса ҷаноби Ален Ришар моҳи январи соли 2002, вазири корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Доминик де Вилпен моҳи сентябри соли 2002, вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио Мари моҳи декабри соли 2003, вазири савдои берунаи Фаронса ҷаноби Франсуа Лоос моҳи майи соли 2004, вазири корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Бернар Кушнер моҳи апрели соли 2008.

29 марти соли 2017, бо даъвати Вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Фаронса ҷаноби Жан-Марк Эро, дар ш.Париж вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ ба ифтихори 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса барпо гашт. Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд.

23 ноябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидин Аслов Директори Департаменти Аврупои Континенталии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Аврупои Ҷумҳурии Фаронса хонум Флоранс Манжанро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаронса муҳокима гардиданд.

18 апрели соли 2019 сафари расмии Котиби давлатӣ оид ба савдои беруна, сайёҳӣ ва Франкофонияи Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки зимни он мулоқотҳои ӯ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин доир гардида, ташрифи мазкур ба муколамаи сиёсӣ ва пешбурди масоили мубрами ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза бахшид. 

7-12 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сурат гирифт, ки дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарвари давлати тоҷикон бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон, вохӯрӣ бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Фаронса, мулоқотҳои Пешвои миллат бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Шоҳзода Карим Оғохони IV ва инчунин бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса анҷом ёфта, ҳамзамон Президенти кишвар дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ ва дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Боздиди мазкури Роҳбари давлати тоҷикон ба Париж равобити Тоҷикистону Фаронсаро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар маҷмуъ дар доираи сафар 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳамёрии ду кишварро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, сиёсати хориҷӣ, маориф, илм ва бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат ба танзим медароранд.

Санаҳои 12-14 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба ш.Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд, ки зимни он маросими бошукуҳи истиқболи расмии Роҳбари давлати тоҷикон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, музокироти сатҳи олии Президенти кишвар бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануэл Макрон ва мулоқотҳо бо Раиси Сенати Фаронса ҷаноби Жерар Ларше, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле барпо шуда, Пешвои миллат дар якҷоягӣ бо Президенти Фаронса ҷаноби Э.Макрон рӯзи 13 октябр ба Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж расман ҳусни ифтитоҳ бахшида, санаи 14 октябр ҳамроҳи Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй, Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан ва дар ҳузури ҳайати дипломатӣ ва ҷамъияти тоҷикони муқими ш.Париж, ашхоси расмӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Фаронса дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (бо шумули Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллии Тоҷикистон ва чорабинии идонаи бошукуҳи консертӣ бо иштироки васеи устодони санъат ва ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар) ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Муносибатҳои байнипарлумонӣ

Миёни Тоҷикистону Фаронса робитаҳои хуби байнипарлумонӣ вуҷуд дошта, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳар ду палатаи Парлумони Фаронса зимни мулоқот ва сафарҳои мутақобила масоили рушди робитаҳои ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Байни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд.

 

Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва амниятӣ

Боздидҳои вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио Мари 17-19 декабри соли 2005, 20-21 июл ва 16-18 декабри соли 2006 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳарбии ду кишвар мебошанд. Дар доираи ин боздидҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳо доир намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар доираи ин созишнома низомиёни тоҷик ҳар сол дар машқҳо ва чорабиниҳо, ки тибқи нақшаи ҳамкории ҳарбӣ баргузор мешаванд, иштирок намуда, донишҳои зарурӣ мегиранд.

 

Ҳамкориҳо дар соҳаи илму фарҳанг ва диаспора

Тоҷикистон ва Фаронса муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг, илму техника ва маориф дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ (аз моҳи декабри соли 2002) ба роҳ мондаанд. Дар заминаи созишномаи мазкур дар ш.Душанбе Маркази фарҳангии "Бохтар" (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии "Бохтар" курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

Бо мақсади нигаҳдории руҳияи ватанпарастиву ваҳдати миллӣ ва тамосу робитаҳои доимӣ бо тоҷикони муқими Фаронса, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таблиғу тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги тоҷик дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муқими Фаронса "Равзана" ва Ассотсиатсияи донишҷӯёни тоҷик дар Фаронса фаъолият менамоянд.

31 августи соли 2017 дар ш.Париж Созишномаи қолабии ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна ба имзо расид. Мувофиқи созишнома, ҳамкориҳои ду муассисаи таҳсилоти олӣ аз рӯи фанҳои сайёҳӣ, менеҷмент ва иқтисодиёти корхонаҳо ва ҷуғрофия ба роҳ монда мешаванд.

Шурӯъ аз 3 октябри соли 2013 дар Институти миллии забонҳои шарқии Ҷумҳурии Фаронса забони тоҷикӣ ба барномаи таҳсил таҳти унвони "забон ва фарҳанги тоҷикӣ" ҷорӣ гардидааст.

Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии "Бохтар" (ш.Душанбе) дафтари барномаи Агентии таҳсилоти олии "Campus France" кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.

Дар давраи аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи ин Намоиш санаи 13 октябри 2021 бо иштироки сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон сурат гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон ва ҳайати ҳамроҳаш таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди он дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати волои миллати тоҷик дар осорхонаи Гиме 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон (аз ҷумла осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад), инчунин чанде аз нигораҳои беназири “Хазинаи Амударё” аз Осорхонаи Британия (Лондон) дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса ва Аврупо нишон дода шуданд. Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки ба туфайли нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод - “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён”, “Давлати Сосониён” ва  “Давлати Сомониён” ғанӣ гардонанд. То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш гардид.

 

Ҳамкориҳои минтақавӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ.

Тоҷикистон ва Фаронса узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯби СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, СУС ва ЮНЕСКО ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд.

Аз соли 2007 инҷониб кишварҳо дар доираи “Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ”, ки қабл аз ҳама ба ҳамгироии минтақавӣ, рушди устувори кишварҳо ва беҳтарсозии инфрасохторҳо дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст, ҳамкорӣ мекунанд. Чунончи, 17-18 сентябри соли 2008 бо ибтикори Фаронса дар ш.Париж Форуми нахустини Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ барпо гардид, ки дар кори он вазирони корҳои хориҷии Сегонаи Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагони СММ, СААШ, СҲШ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва СААД ширкат варзиданд. Дар Форуми мазкур кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ба мувофиқа расиданд. Дар ҳошияи форум Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Б.Кушнер ва дигар ҳамтоёни худ аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар бобати мушкилоти минтақавӣ, масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва идоракунии сарҳадот, инчунин таҳаввули рӯйдодҳо дар Афғонистон ва дар минтақа мулоқот намуд.

12 июни соли 2008 дар ш.Париж бо ташаббуси ҷониби Фаронса Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон таҳти ҳамраисии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Президенти Фаронса Николя Саркози баргузор гардид. Дар кори конфронс Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай стратегияи рушди кишварашро муаррифӣ намуд ва кишварҳои донор доир ба расонидани кумакҳои нави молиявӣ ҷиҳати эҳёи пас аз низомии Афғонистон омодагии худро изҳор доштанд. Дар конфронс ҳайати кишвар зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, бо як қатор роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори чорабинӣ мулоқотҳои судманд барпо намуд.

Қобили таъкид аст, ки Тоҷикистон Фаронсаро дар масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ намуда, Фаронса бошад Тоҷикистонро дар мавриди пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии он дар соҳаи истифодаи оқилона ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ пуштибонӣ мекунад. Ҳамин тавр, 30 ноябри соли 2015 дар кори Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP21), ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. 22 апрели соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов дар Маросими баимзорасонии Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар қароргоҳи СММ дар ш.Ню Йорк баргузор гардид, иштирок намуда, Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.

Рӯзҳои 9-12 ноябри соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин, бо шумули Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Ҷ.Убайдулло ва котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО З.Бурҳон дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар ш.Парижи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд. Санаҳои 9-11 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ҷаноби Агапито Мба Мокуй ва Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле мулоқотҳои судманд анҷом дода, рӯзи 11 ноябр роҳбари ҳайати Тоҷикистон С.Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО суханронӣ намуд. Қобили зикр аст, ки 11 ноябр зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинатсияи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд.

Ҳамзамон, рӯзҳои 10-12 ноябри 2021 дар рафти боздиди корӣ дар ш.Париж вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо мушовири Президенти Фаронса оид ба Аврупои континенталӣ ва Туркия хонум Изабел Дюмон, Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ҷаноби Жан-Батист Лемуан, Директори Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Фаронса хонум Софӣ Макариу барпо шуданд.

 Намояндагиҳои Фаронса дар Тоҷикистон

 

 

 Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Фаронса

 

 

Тартиби гирифтани раводид ва будубош дар Фаронса

  • Тартиби гирифтани раводиди Шенген ва раводиди миллӣ

 

Раводиди Шенген (то 90 рӯз) аз ҷониби Шуъбаи консулии Сафорати Олмон судур карда мешавад: куч. И.Сомонӣ 59/1, 734064, Душанбе Тел.: + 992 43 377 30 00

Маълумоти муфассал дар сомонаи Сафорати Олмон пешниҳод мегардад – https://duschanbe.diplo.de/tj-ru/service/05-VisaEinreise/-/1204564

 

Дархостҳо барои гирифтани раводидҳои миллӣ (беш аз 90 рӯз) бояд ба Консулгарии генералии Фаронса дар ш.Алмато ирсол гарданд. Маълумоти муфассал дар сомонаи Консулгарии генералӣ пешниҳод мегардад – https://kz.ambafrance.org/-Vizy-vo-Franciyu,130-

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg