Саноат

15.02.2022 04:14

Нишондиҳандаҳои фаъолияти бахши саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

 

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ. Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38 млрд 826 млн сомонӣ расонида шуда, нисбати соли 2020 ба 22 фоиз ё 8 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард ба 22 млрд 306 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2020 16,3 фоиз ё ин, ки ба маблағи 3 млрд 126 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 8 млрд 401 млн сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2020 2 млрд 763 млн сомонӣ ё 50 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳиссаи соҳаҳои саноати коркард 57,5 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 20,4 фоиз, саноати истихроҷ 21,6 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 0,5 фоизро ташкил медиҳад.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноати коркард дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли пешин дар зерсоҳаҳои зерин мушоҳида мешавад, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку (104,7 фоиз), истеҳсоли нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маҳсулот аз чарм ва пойафзол (140 фоиз), истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри филизӣ (109,4 фоиз), истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ (160 фоиз), истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмасса (123,9 фоиз) ва истеҳсоли маҳсулоти фармасевтикӣ (97,4 фоиз), ки ҳиссаи соҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати коркард 97,3 фоизро ташкил дод.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соли 2021 дар соҳаи саноат ҳамагӣ 5 млрд 639,2 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, саноати истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ 4 млрд 484,1 млн сомонӣ, саноати коркард 988,8 млн сомонӣ, саноати истихроҷ 166,3 млн сомонӣ мебошад.

Ҳаҷми сармоягузорӣ нисбат ба соли 2020 дар соҳаи истихроҷ 55,2 млн сомонӣ ва коркард 679,5 млн сомонӣ, дар маҷмуъ 734,7 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва коҳиш додани шиддати омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида, дар доираи он барномаҳои соҳавӣ, барномаҳои саноатикунонии босуръати кишвар, рушди металургияи ранга ва сиёҳ, рушди саноати хӯрокворӣ, рушди соҳаи мошинсозӣ, рушди саноати сабук ва соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла то давраи соли 2025 таҳия гардидааст, ки мавриди амал қарор доранд.

Дар соли 2021 рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Суғд (131,3 фоиз), Хатлон (111,4 фоиз), ВМКБ (158,4 фоиз), НТҶ (119 фоиз) ва шаҳри Душанбе (111,9 фоиз) таъмин гардид.

Ҳиссаи вилояти Суғд 54 фоиз, вилояти Хатлон 26,3 фоиз, ВМКБ 0,8 фоиз, шаҳри Душанбе 8,5 фоиз ва НТҶ 9,5 фоизро дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад.

 

Соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ

Корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар соли 2021 ба маблағи 12,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро нисбат ба соли 2020 зиёда аз 4,7 млрд сомонӣ ё 61% зиёд таъмин намудаанд.

Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои соҳа 32,1% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намудааст.

           Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли тилло -115%, хокаи сурб - 144%, хокаи руҳ - 148%, хокаи сурма – 100,1% ва сурмаи металӣ – 139,3% зиёд карда шуд.

         

Соҳаи саноати ангишт

Дар соли 2021 истихроҷи ангишт ба 2089,0 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ба ҳаҷми 60,0 ҳазор тонна ё 2,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра 1132,0 ҳазор тонна ё 54,0 фоиз аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 957,0 ҳазор тонна ангишт ё 46,0 фоиз аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.

Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 1833,0 ҳазор тонна (87,7 фоиз) бо таври кушод ва 256,0 ҳазор тонна (12,3 фоиз) бо таври зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.

Бо ҳисоби молӣ бошад ба маблағи 430,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо ифодаи пулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли пешин ба 108,4 фоиз баробар гардид.

Аз рӯи маълумотҳои корхонаҳо фурӯши ангишт 1834,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ 590,0 ҳазор тонна, ба корхонаҳои саноатӣ-энергетикӣ 1191,7 ҳазор тонна, ба муассисаҳои буҷетӣ 31,0 ҳазор тонна фурӯхта шудааст.

 

Соҳаи саноати сабук ва пилла

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо дар назар доштани корхонаҳои пахтатозакунӣ дар соли 2021 ба маблағи 4 млрд 145,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба соли пешин 1 млрд сомонӣ ё 32,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ 99,1 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шуда, аз ҷониби корхонаҳои коркарди нахи пахта ба миқдори 23,3 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардид, ки ин дар қиёс ба соли гузашта 4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли матои пахтагин дар соли 2021 зиёда аз 15,6 млн метри мураббаъро ташкил дод ва нисбат ба соли 2020 суръати афзоиш 14,1 фоиз таъмин гардид.

Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар маҷмуъ ба маблағи 340,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 54,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолшуда 212,4 млн сомонӣ ва ё 62,4 фоиз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Дар соли 2021 1117,8 ҳазор дона ниқоби тиббӣ ва 11802 дона халати муҳофизатии махсуси тиббӣ истеҳсол гардидааст.

Истеҳсоли қолин ба 4,5 млн метри мураббаъ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта суръати афзоиш 1,7 баробар зиёд таъмин гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли мебел дар ҷумҳурӣ ба 96,7 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 36,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2021 ҳаҷми коркарди пӯсти чорво ба 783,2 ҳазор дона расид, ки дар қиёс ба соли пешин суръати афзоиш 126,3 фоиз таъмин гардид. Аз пӯсти коркардшуда ҶДММ «Чарм» барои истеҳсолоти худӣ 29,2 ҳазор донаро равона намуда, аз он 6,0 млн детсиметри мураббаъ чарм истеҳсол кардааст, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 134 ҳазор детсиметри мураббаъ зиёд мебошад. Дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли пойафзол бо назардоштани истеҳсоли пойафзолҳои резинӣ ба 1218,2 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 205,9 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар мавсими соли 2021 454,4 тонна пилла истеҳсол гардидааст, ки назар ба соли 2020 60,5 тонна зиёд мебошад. Дар маҷмӯи пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ҳиссаи пиллапарварони вилояти Хатлон ба 48,1 фоиз, вилояти Суғд ба 40,0 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 14,9 фоиз рост меояд.

Аз ҷониби ҶДММ «Атласи Хуҷанд» истеҳсоли матои атлас ба 22,2 ҳазор метри мураббаъ расонида, суръати афзоиш 101,4 фоиз таъмин карда шуд.

Айни замон, дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи халтабарорӣ бо таҷҳизоти муосир фаъолият дорад, ки иқтидори онҳо баҳри бо пуррагӣ таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо халтаҳои полипропиленӣ асосан барои банду басти семент, шакар, орд, маҳсулоти макаронӣ, хошоки омехта (комбикорм), маъданҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар маҳсулотҳо кофӣ мебошад. Соли 2021 ба миқдори 90,5 млн дона халтаҳои полипропиленӣ истеҳсол гардидааст, ки назар ба соли гузашта 18,1 млн дона зиёд мебошад.

Содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар 283,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 84,5 млн доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти маҳсулот бошад дар ин давра 98,4 млн доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз хориҷи кишвар асосан рахти хоб, либосворӣ, маҳсулоти гигиенаи шахсии кӯдакона ва занона, ришта ва матоъҳои синтетикӣ, пойафзол ва сумкаҳои гуногун, мебел, қолин ва ришта аз нахи ҷут ворид карда шудаанд.

 

Соҳаи саноати хӯрокворӣ

Дар соли 2021 дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 536 корхона ба маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул буд, ки дар маҷмуъ зиёда аз 11,7 ҳазор нафар қобили меҳнатро ба кор фаро гирифта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар соли 2021 маблағи 7 миллиарду 548,4 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 111,5 фоиз ва ё ба маблағи 779,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар давраи ҳисоботӣ 19,4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. 

Бояд қайд кард, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар давраи ҳисоботӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли орд 100,8 фоиз, маҳсулоти ширӣ 106,5 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 186,2 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 158,3 фоиз, равғани растанӣ 101,7 фоиз, оби ҷав 105,2 фоиз, нӯшокиҳои ташнашикан 138,7 фоиз, гӯшти мурғ 148,2 фоиз ва хӯроки омехтаи чорво 4,2 маротиба ба вуҷуд омадааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳиссаи маҳсулоти ғизоии саноатии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар мунтазам афзоиш ёфта, дар соли 2021 ҳиссаи маҳсулоти ғизоии саноатӣ, аз ҷумла намак 98,1 фоиз, нӯшокиҳои ташнашикан 90,8 фоиз, орд 91,9 фоиз, гӯшт 94,3 фоиз, маҳсулоти ширӣ 68,8 фоиз, маҳсулоти ҳасибӣ 71,4 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 48,5 фоиз, биринҷ 36,6 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 38,5 фоиз ва равғани растанӣ 20,2 фоизро ташкил дод.

Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол содироти маҳсулоти саноати хӯроквории кишвар, ба монанди маҳсулоти консерваи меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодӣ, орд, мева ва сабзавоти хушккардашуда ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ба давлатҳои хориҷи дур низ мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Дар соли 2021 содироти маҳсулоти асосии соҳа маблағи зиёда аз 267,6 млн сомонӣ (23,7 млн доллари ИМА) ташкил дод, ки нисбати нишондоди соли 2020 1,5 баробар ва ё ба маблағи 93,7 миллион сомонӣ (8,3 млн доллари ИМА) зиёд мебошад.

Дар соли 2021 дар ҳаҷми 41,0 ҳазор тонна меваи хушк, 10,2 ҳазор тонна нӯшокиҳои ташнашикан, 1,1 ҳазор тонна намаки ошию техникӣ, 2,1 ҳазор тонна консерваи меваю сабзавот, 200,0 тонна сигарет, 2,6 ҳазор тонна орд ва 365,0 тонна маҳсулоти қаннодӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки аз рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва мутобиқ будани он ба стандартҳои байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳаҷми содирот асосан аз ҳисоби орд 5,2 баробар, консерваи меваю сабзавот 4,2 баробар, меваи хушк 2,4 баробар ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 102,0 фоиз ба вуҷуд омада, дар таркиби маҳсулоти содиротгардида 65,8 фоиз (15,6 млн доллари ИМА) ба меваи хушк, 13,9 фоиз (3,3 млн доллари ИМА) ба нӯшокиҳои ташнашикан, 4,2 фоиз (1,0 млн доллари ИМА) ба консерваи меваю сабзавот, 5,0 фоиз ба орд (1,2 млн доллари ИМА), 1,3 фоиз ба маҳсулоти қаннодӣ (300,0 ҳазор доллари ИМА) ва 7,2 фоиз (1,7 млн доллари ИМА) ба сигарет рост меояд.

 

Корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия

Дар соли 2021 корхонаҳои соҳа ба маблағи 2386,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба нишондоди соли пешин 399,8 млн сомонӣ ё 120,1 фоиз зиёд мебошад.

ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2021 ба 381,2 млн сомонӣ расонид, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта 1,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои коркарди алюминий дар соли 2021 дар маҷмуъ 14370,0 тонна алюминийро коркард намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин 3469,5 тонна зиёд мебошад. Ҳаҷми коркарди алюминий асосан аз ҳисоби истеҳсолоти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 4142,7 тонна, ҶДММ КМ «Тоҷпроф» 5965,8 тонна, ҶДММ «Ноқили Талко» 1550,0 тонна таъмин гардидааст. 

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар соли 2021 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, якҷо бо ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди алюминии аввалия, профилҳои алюминӣ, маҳсулотҳои таркандаи саноатӣ, тойбанд, ядак, қубур ва профилҳои металӣ ба маблағи 1465,0 млн сомонӣ (130,1 млн доллари ИМА) ба хориҷи кишвар, хусусан ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва давлатҳои Аврупо содирот намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ташкил намудани корхонаи нави истеҳсоли техникаи маишӣ аз қабили чангкашак, мошинаҳои либосшӯӣ, телевизор, обгармкунак дар шаҳри Душанбе аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Avesto Elektronics» таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 2,0 млн дона обгармкунаки барқӣ, чангкашак, мошинаи ҷомашӯи ва телевизор баробар мебошад. Корхона дар соли 2021 8327 чангкашак, 46300 обгармкунакҳои ҳаҷмашон гуногун, 31500 мошинаи ҷомашӯии нимхудкор ва 1980 телевизорро истеҳсол намуда, ба бозори дохилӣ пешниҳод кардааст.

Дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе, корхонаи ҷамъу васли автобусҳо КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастрӣ» ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсоли он 250 то 300 автобус дар як сол мебошад. Аз оғози фаъолият корхонаи мазкур 400 автобусро ҷамъу васл намуда, ба истифода додааст. Дар соли 2021 ҶДММ «Акия Авесто Автоматив Индастрӣ» бо ворид намудани қисмҳои асосии ҷамъуваслшаванда 50 автобусро ба маблағи 57,2 млн сомонӣ ҷамъу васл намудааст. Ҳамзамон корхона 10 автобуси дуошёнаи аз Ҷумҳурии Туркия воридгардидаро, дар корхона пурра ҷамъу васл карда, мавриди истифода қарор додааст.

ҶСП «Агротехсервис»-и ш. Ҳисор бошад бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷумҳурии Беларус ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти гуногун машғул мебошад. Корхона дар соли 2021 ба маблағи 45,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба нишондоди соли 2020 30,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2021 корхона ҳамагӣ 152 трактор, аз ҷумла 101 трактори тамғаҳои «Беларус 82.1», 36 трактори «Беларус 80Х», 11 трактори «Беларус 80.1», 4 трактори тамғаи «Беларус 892.2», 65 ядак (прицеп), 17 култиватор, 10 ғаллакуб, 15 картошкакан, 18 картошкашинон, 14 алафдарав, 18 сипор (плуг) ва 17 тойбандро ҷамъу васл намудааст. Дар соли 2021 корхона 4 тойбандро (прессподборщик) ба маблағи 26,0 ҳазор доллари ИМА ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 6 ядак ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот кардааст.

 

Соҳаи саноати масолеҳи сохтмон

Корхонаҳои соҳа дар соли 2021 ба маблағи 3 млрд 375,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 551,0 млн сомонӣ зиёд мебошад ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 8,7% -ро ташкил дод.

Истеҳсоли семент ба 4280,1 ҳазор тонна, хишт 179,0 миллион дона, хишти сементӣ 74,7 миллион дона, газоблок 49,4 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1548,1 ҳазор метри мукааб, бетони сохтмонӣ 470,0 ҳазор метри мукааб, бомпӯши асбестӣ 2225,5 ҳазор дона баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 46,6 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 45,7 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 0,9 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 46,1 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (8,0 млн доллар), шиша (11,0 млн доллар), гаҷкартон (4,6 млн доллар) ташкил додааст.

Дар соли 2021 истеҳсоли семент ба 4280,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба соли гузашта 37,3 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 1236,4 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар содирот гардидааст. Ҳаҷми содиротшуда 28,8 фоизи ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгардидаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли шифер: Дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият дошта, дар соли 2021 2225,5 ҳазор дона шифер ба маблағи 76,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 382,7 ҳазор дона зиёд аст.

Соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии ҶДММ “Бохтар шифер” бо иқтидори солонаи 1,1 млн дона ва дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҶДММ “Ганҷофар” бо иқтидори солаи 500,0 ҳазор дона ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин, 2 корхонаи нави шифербарорӣ –ҶДММ “МУАЗ”дар шаҳри Душанбе ва ҶММ “Юсуфҷон 2020” дар шаҳри Ҳисор мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Бо назардошти фаъолияти мунтазами корхонаҳои мазкур истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он кам шуда истодааст.

Истеҳсоли қуму шағал: Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 230 корхонаи истеҳсоли қуму шағал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2465 нафар коргарон кор мекунанд. Дар ин давра 1548,1 ҳазор метри мукааб қуму шағал истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 146,7 ҳазор метри мукааб зиёд аст.

Истеҳсоли масолеҳи деворӣ: Дар ҷумҳурӣ 134 корхонаи истеҳсоли хишт, аз ҷумла дар ВМКБ 1, вилояти Суғд 54, вилояти Хатлон 16, шаҳри Душанбе 6 ва ноҳияҳои тобеи марказ 57 корхона мавҷуд аст.

Дар соли 2021 корхонаҳои хиштбарорӣ 178,9 миллион дона хишт ба маблағи 88,8 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020 ба миқдори 9,2 миллион дона зиёд мебошад.

Инчунин дар ин давра 74,7 миллион дона хишти сементӣ, 153,2 ҳазор метри мураббаъ хишт барои роҳрав ва 49,4 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.

Корхонаҳои мазкур талаботи иншоотҳои сохтмониро бо ин намуди масолеҳ пурра таъмин карда истодаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg