3 марти соли 2024 зимни сафари корӣ ба Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ Муҳаммад Шиёъ ас-Судонӣ доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Ироқро дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.
Аснои мулоқот сафир масъалаи ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Ироқро матраҳ сохт.
Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни авзоъи кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот даъватнома ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман супорида шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan