Мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари ҳайати ташхискунандагони кишварҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд

16.04.2024 10:55

16.04.2024.13.57.jpg

16 апрели соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари ҳайати ташхискунандагони кишварҳо, иқтисодчии пешбари минтақавии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои Осиёи Марказӣ Эрик Ливниро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ байни ҷонибҳо роҷеъ ба афзалиятҳо ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg