Мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Фаронса ва Италия

10.11.2023 13:04

10 ноябри соли 2023 дар шаҳри Париж дар ҳошияи Ҳамоиши навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса хонум Катрин Колонна ва вазири корҳои хориҷӣ ва робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Антонио Таяни дидору гуфтугӯ намуд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардида, атрофи масоили байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg