Мулоқоти муовини вазир бо ҳайати Италия

21.10.2022 12:04

20 октябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пинна ва сафири махсус оид ба номзадии шаҳри Рим барои пазироии намоишгоҳи ЭКСПО-2030 Ромео Орландиро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ иқтисодию гуманитарӣ ва мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Италия қарор дода шуд. 

21,10,2022,13,57.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg