18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд нахустин Конфронси ҳамбастагӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: “Дарвозаҳои глобалӣ” барои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.
Дар нишасти мазкур масоили марбут ба ҳамбастагии устувор, фароҳам овардани имкониятҳо барои тавсеа ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, таҳкими масирҳои нақлиётӣ, обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.
Зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидгоҳи кишварро бобати рушди ҳамкории бисёрҷониба ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзор баён намуд.