Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

26.06.2023 14:52

26 июни соли 2023 дар шаҳри Люксембург ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо барпо гардид. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро вазири корҳои хориҷии Шветсия Тобиас Биллстрём роҳбарӣ карданд.

Тибқи рӯзномаи нишаст тарафҳо атрофи масоили мубрами ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи бахшҳои мавриди эҳтимом табодули афкор анҷом доданд. Инчунин, мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ матраҳ намуда, масоили муҳимми байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg