Вохӯрӣ бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо

30.05.2024 02:24

30.05.2024.10.24.jpg

30 майи соли 2024 дар ҳошияи нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ - Италия” дар шаҳри Рим вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ба таври муффасал баррасӣ намуда, вобаста ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор карданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо рафти омодагӣ ба Конфронси сеюми оби Душанберо матраҳ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg