5 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) намоишгоҳ оид ба эҷодиёти мутафаккир ва шоири оламшумули тоҷик Ҷалолуддини Балхӣ ва осори бахшида ба ӯ кушода эълон гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд.