Айни замон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар ш. Самарқанд иштирок дорад.
Ҳамоиши зикршуда имрӯз, 30 октябри соли 2025 оғоз гардида, то 13 ноябри соли 2025 идома хоҳад ёфт.
Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлоси 42-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Мудири кулли ЮНЕСКО ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси мизбон суханронӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan