31 октябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд ҷараён дорад, суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ, С. Муҳриддин ба таърихи миллати тоҷик ва саҳми бузурги ниёгон дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ таъкид карда, изҳор дошт, ки ин мероси маънавӣ ҷузъи ҷудонашавандаи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.
Роҳбари ҳайати кишвар, ҳамчунин, ба масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар ин самт ёдовар шуд. Зикр шуд, ки баргузор шудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли 2025 оғози марҳилаи нави ҳамкории глобалӣ дар ин соҳа гардид.
Инчунин, таъкид шуд, ки густариши ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар самтҳои илм, маориф, фарҳанг ва муҳити зист авлавият дошта, зарурати истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди устувор низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan