Тоҷикистон дар феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026)

03.11.2025 14:08

Нашрияи ҷаҳонии пешқадами сайёҳӣ Lonely Planet Тоҷикистонро дар феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид намуд ва кишвари моро ҳамчун яке аз самтҳои илҳомбахш барои роҳпаймоӣ ва сайёҳат дар муҳити  куҳсор қайд намуд.

Дар бахше зери илми “Hike and wild camping in Tajikistan” маҷалаи ҷаҳонии Lonely Planet ба сайёҳон тавсия медиҳад, ки аз манзараҳои боҳашамати кӯҳӣ, табиати софу беғубор ва меҳмоннавозии истиқоматкунандагони маҳаллӣ, ки сайёҳати онҳоро дар Тоҷикистонро ба як саёҳати воқеан ҳаяҷонбахш табдил медиҳад, баҳра баранд.

Нусхаи солонаи маҷалаи Best in Travel аз ҷониби Lonely Planet яке аз манбаъҳои бонуфузтарин дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Он аз ҷониби дастаи таҳриргарон, коршиносон ва сайёҳони таҷрибадор таҳия гардида, беҳтарин самтҳо ва таҷрибаҳои беназирро аз саросари ҷаҳон интихоб мекунанд.

Нашрия Lonely Planet тақрибан 6 миллион нусхаро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда ҳузур ва нуфузи васеи онро дар соҳаи рӯзноманигории сайёҳӣ таъкид менамояд. Саҳифаи марбут ба Тоҷикистон инчунин тавассути порталҳои байналхалқӣ, аз ҷумла CNN, ба таври васеъ нашр шуд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба иқтидорҳои сайёҳии кишвари мо ҷалб мекунад.

Ворид шудани Тоҷикистон ба феҳристи 25 таҷрибаи фаромушнашавандаи сайёҳии соли 2026 шаҳодати эътирофи мансубияти нотакрор ба захираҳои табиӣ ва фарҳангии кишвар аст ва собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадор барои сайёҳии байналмилалӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ин дастоварди муҳим на танҳо ба сарватҳои табиӣ ва меҳмоннавозии халқи тоҷик равона аст, балки ба кӯшишҳои давлат низ, ки дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳимояи мероси фарҳангӣ ва рушди устувории соҳа равона шудаанд, арҷ мегузорад.

Эътирофи байналмилалӣ аз ҷониби Lonely Planet ва гузоришҳои васеъ дар расонаҳои пешрафта ба таҳкими имиҷи Тоҷикистон ҳамчун самти бехатар, ва муҷозиби сайёҳон дар саросари ҷаҳон мусоидат менамоянд.

Рӯйхати пурраи таҷрибаҳои беҳтарин дар соли 2026 дар сомонаи Lonely Planet дастрас аст: https://www.lonelyplanet.com/best-in-travel#the-25-best-experiences-in-2026-hike-and-wildcamp-in-tajikistan

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg