
22 декабри соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода нусхаи эътимодномаи худро ба муовини директори Ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Фаронса Матю Кармона супорид.
Матю Кармона сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.