
27 январи соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо сенатори Сенати Фаронса аз минтақаи Эна (Aisne) Пиер-Жан Верзелен мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот мусоҳибон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ва дигар масоили қобили таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.