
29 январи соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳуриии Фаронса Кирилл Грушевский мулоқоти арзи адаб анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби корпуси дипломатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.