Иштироки сафири Тоҷикистон дар чорабинии “Ҳафтаи Авруосиёи СҲИР”

03.02.2026 12:17

2 феврали соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода дар чорабинии Ҳафтаи Авруосиёи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) иштирок намуд. Ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки таҳти унвони «Дарёфти имкониятҳои нав, кафолати оянда» баргузор гардид, вазирон, мансабдорони баландмақоми давлатӣ, сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносони кишварҳои узви СҲИР ва кишварҳои шарики минтақаи Авруосиёро ба ҳам овард.

Ҳамоиши мазкур аз 2 то 4 феврали соли 2026 дар Маркази конфронсҳои СҲИР дар шаҳри Париж баргузор гарид.

Ҳафтаи Авруосиёи СҲИР ба таҳкими ҳамкориҳо миёни СҲИР ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, инчунин ба рушди муколамаи сиёсӣ дар самтҳои рақобатпазирӣ, рушди устувор ва устувории иқтисодӣ равона шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg