
17 феврали соли 2026 сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо дуайени ҳайати дипломатии кишвари иқомат, нунсии апостолӣ дар Фаронса Селестино Милиоре мулоқоти арзи адаб анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас, инчунин иртибот дар доираи ҳайати дипломатиро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор доданд.