20 феврали соли 2026 сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо директори Департаменти Аврупои қитъавии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Брис Рокфей мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим диққати махсус дода шуд.
Аз ҷониби Фаронса барои иштироки фаъолона дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018–2028 даъват ба амал оварда шуд.