
23 феврали соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Фаронса Муҳаммад Амин Нажод арзи адаб анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин иртибот дар доираи ҳайати дипломатиро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор доданд.