Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо мушовири Президенти Фаронса

25.02.2026 14:49

Meeting-of-the-Ambassador-of-Tajikistan-to-France-with-the-Advisor-to-the-President-of-the-French-Republic.jpg

25 феврали соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Фаронса оид ба Аврупои қитъавӣ ва Туркия Бертран Бушвалтер дар Қасри Елисей мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаронсаро баррасӣ карда, ба тақвияти муколамаи сиёсии сатҳи баланд ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, амният, сармоягузорӣ, энергетика ва рушди устувор таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Ҳамчунин, мусоҳибон дар бораи ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мубодилаи афкор карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg