18 марти соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода дар маросими ифтитоҳии чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026: “Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034)”, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Ҳамоиш ду рӯз идома ёфта, ҳамчун марҳилаи гузариши расмӣ аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 ба Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034) замина мегузорад.