
18 марти соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо сардори бахши системаҳои гидрологӣ, тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавии ЮНЕСКО доктор Анил Мишра мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкории байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро, бахусус дар соҳаҳои идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мониторинги пиряхҳо ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон аҳамияти таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ ва татбиқи барномаҳои баланд бардоштани иқтидор таъкид гардид.