
19 марти соли 2026 сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо сафири Ҳиндустон дар Фаронса Санҷив Сингла мулоқоти арзи адаб анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон, инчунин иртибот дар доираи ҳайати дипломатиро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор доданд.