Таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар Париж

22.03.2026 12:02

21 марти соли 2026 Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Париж бо иштироки ҳамватанон ва намояндагони ҷамъияти тоҷикони муқими Фаронса чорабинии идона баргузор намуд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода баромад намуда, аҳамияти ҷашни Наврӯзро ҳамчун рамзи сулҳ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки Наврӯз ҳамчун мероси бостонии мардуми тоҷик аз соли 2010 инҷониб ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардида, арзишҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни ҳамҷавориро миёни башарият тарғиб менамояд.

Чорабинӣ бо пешниҳоди унсурҳои фарҳанги миллии тоҷикон, аз ҷумла дастархони идона бо таомҳои миллӣ, ки ғановати таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро инъикос менамояд, сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg