Сафири Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Президенти Фаронса супорид

26.03.2026 02:03

The-Ambassador-of-Tajikistan-presented-his-credentials-to-the-President-of-France-1.jpg

25 марти соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷараёни маросими расмӣ дар Қасри Елисей супорид.

Зимни маросим сафир Ҷамшед Ҳомидзода паёми табрикотӣ ва таманниёти  неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса иброз дошта, омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса изҳор намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg