Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ҳамраиси Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Авруосиё (CREE) дар INALCO

10.04.2026 16:27

8 апрели соли 2026 сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо ҳамраиси Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Авруосиё (CREE) Софи Ҳоманн дар INALCO мулоқот анҷом дод.

Мулоқот дар доираи коллоквиуми илмӣ таҳти унвони «Les visages du Pamir: la montagne vécue, habitée, parlée», ки аз ҷониби Маркази таҳқиқоти Аврупо ва Авруосиё (CREE) ва Маркази таҳқиқоти ҷаҳони эронӣ (CERMI) дар ҳамкорӣ бо Институти омӯзиши ислом ва ҷомеаҳои мусулмонӣ (IISMM) ва EHESS ташкил гардидааст, баргузор гардид.

Зимни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуда, аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва марказҳои таҳқиқотии Фаронса таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg