
8 апрели соли 2026 сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо сафири Швейтсария дар Фаронса Таня Кавассини мулоқоти арзи адаб анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Швейтсария, инчунин иртибот дар доираи ҳайати дипломатиро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор доданд.