Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо муовини директори генералии MEDEF International

21.04.2026 16:08

Meeting-of-the-Ambassador-of-Tajikistan-to-France-with-the-Deputy-CEO-of-MEDEF-International.jpg

21 апрели соли 2026 сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо муовини директори генералии MEDEF International хонум Жералдин Лембл  мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории байни Тоҷикистон ва Фаронсаро бо таваҷҷуҳи махсус ба густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва пешбурди ҳамкории мустақим миёни бахшҳои хусусии ду кишвар (вохӯриҳои B2B) баррасӣ намуданд.

Аҳамияти махсус ба имкониятҳои иштироки ширкатҳои фаронсавӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор, саноат ва кӯҳкорӣ зоҳир гардид. Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи ташкили чорабиниҳо ва платформаҳои муштараки тиҷоратиро ҷиҳати таҳкими робитаҳо байни соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар муҳокима карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg