Мулоқот бо cардори шуъбаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса

23.04.2026 18:23

Meeting-with-the-Head-of-the-Caucasus-and-Central-Asia-Department-at-the-Ministry-for-Europe-and-Foreign-Affairs.jpg

23 апрели соли 2026 масъули бахши консулии Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса Фирӯз Тағоймурод бо сардори шуъбаи Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Силвен Фурриер мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, консулӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд.

Аҳамияти махсус ба таҳкими ҳамкориҳои амалӣ миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Фаронса, инчунин беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ дар масъалаҳои консулӣ зоҳир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg