Сафари ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса

05.05.2026 12:13

4 майи соли 2026 мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо вазир - ваколатдор оид ба баробарии занону мардон ва мубориза бар зидди табъиз дар Фаронса Аврора Берже дар Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, тавонмандсозии занон ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба, ки рӯзҳои 4-8 май бо парламент ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg