Мулоқоти ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини дабири кулли MIPROF

06.05.2026 22:46

5 майи соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо муовини дабири кулли Гурӯҳи байниидоравӣ оид ба ҳифзи занон аз зӯроварӣ ва мубориза бар зидди қочоқи инсон (MIPROF) хонум Клэр Мантел мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои ҳифзи занон аз зӯроварӣ, мубориза бо қочоқи инсон ва пешбурди баробарии гендериро баррасӣ намуданд. Аҳамияти махсус ба табодули таҷриба дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва механизмҳои пешгирии зӯроварӣ ва дастгирии қурбониён зоҳир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg