5 майи соли 2026 мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафири Фаронса оид ба ҳуқуқи инсон ва масъул оид ба пешбурди ҷанбаи байналмилалии Ҳолокост хонум Изабел Ром баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, бо таваҷҷуҳи махсус ба мубориза бар зидди табъиз ва таҳкими нақши занон дар ҷомеа баррасӣ намуданд.