Боздиди ҳайати парламентии Тоҷикистон аз Маҷлиси миллии Фаронса

07.05.2026 23:29

6 майи соли 2026 ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ аз Маҷлиси миллии Фаронса боздид намуд.

Дар ҷараёни боздид вакилони Парламенти Тоҷикистон бо роҳбари котиботи Ҳайат оид ба ҳуқуқи занон ва баробарии гендерии Маҷлиси миллии Фаронса хонум Тифейн Косние мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолияти абзорҳои парламентӣ дар самти пешбурди баробарии гендерӣ, таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин рушди ташаббусҳои қонунгузорӣ дар ин ҷода табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо аъзои Сенат ва Маҷлиси миллии Фаронса дидору гуфтугӯ намуданд. Дар ин музокиротҳо масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, амниятӣ минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи сафар вакилони Парламенти Тоҷикистон дар рафти яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Фаронса иштирок намуда, бо фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва қоидаву анъанаҳои парламентии Фаронса шинос гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg