6 майи соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси миллии Фаронса Бруно Фукс мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Тарафҳо инчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла амният, рушди устувор, рӯзномаи обу иқлим ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва парламентӣ табодули афкор анҷом доданд.
Аҳамияти махсус ба нақши дипломатияи парламентӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши робитаҳои сиёсӣ ва дастгирии шарикии дарозмуддат байни Тоҷикистону Фаронса таъкид гардид.