
7 майи соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба баробарӣ ва фарогирии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса хонум Летисия Пйерра мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба пешбурди баробарии гендерӣ, таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, инчунин мубориза бар зидди табъиз баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба механизмҳои миллӣ ва равишҳои институтсионалӣ дар самти ташаббусҳои қонунгузорӣ, барномаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳаҳо табодули афкор анҷом доданд.