Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

01.06.2026 07:10

1 июни соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии махсус таҳти унвони «Як рӯз дар нақши роҳбар» баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ хонандагони Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба таври рамзӣ вазифаҳои Вазири корҳои хориҷӣ, муовини якум, муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазоратро ба зимма гирифта, бо фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти дипломатӣ аз наздик шинос шуданд.

Чорабинӣ ба шиносоӣ намудани хонандагон бо фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва хизмати дипломатӣ, инчунин ба рушди таваҷҷуҳи ҷавонон ба муносибатҳои байналмилалӣ равона гардида буд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба иштирокдорон сертификат тақдим гардид.  

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg