Мулоқот бо Котиби генералии Палатаи байналмилалии савдо

17.06.2026 13:31

12 июни соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Ҷамшед Ҳомидзода бо Котиби генералии Палатаи байналмилалии савдо (ICC) Ҷон Дентон мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Палатаи байналмилалии савдоро бо таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва таҳкими робитаҳои мустақим миёни доираҳои соҳибкорӣ баррасӣ намуданд.

Аҳамияти махсус ба баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими иштироки соҳибкорон ва ширкатҳои тоҷик дар шабакаҳо ва платформаҳои байналмилалии соҳибкорӣ зоҳир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg