
17 июни соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо директори Ташкилоти ҷамъиятии "Сафорати масеҳӣ" дар Париж Франсис Ҳюссон мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо инчунин самтҳои эҳтимолии ҳамкориро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштанд.