09.08.2019 06:51

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса
Ҷамшед Ҳомидзода
Санаи таваллуд: 20 августи соли 1968
Таҳсилот
- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи шарқшиносӣ (солҳои 1985-1992)
- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ (соли 2015),
Фаъолияти касбӣ
- 1992–1995 — Вазорати корҳои дохилӣ, тарҷумон;
- Майи соли 1995 — котиби сеюми раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1995–1996 — котиби сеюм (масъули самти Ҳиндустон ва Покистон) дар раёсати муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1996–1998 — атташеи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена, Намояндагии доимӣ назди САҲА ва Дафтари СММ дар Вена;
- 1998–2001 — котиби якуми шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2001–2006 — котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ва Фаронса, намояндагӣ дар назди Иттиҳоди Аврупо, НАТО, ЮНЕСКО ва СМCХ;
- 2006–2007 — мушовир (масъули самти СММ) дар раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2007–2008 — мушовир (масъули самти созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ) дар раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2008–2011 — мушовири Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Дафтари СММ дар Женева;
- 2011–2013 — сардори шуъбаи раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2013–2014 — муовини сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2014–2023 — Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Дафтари СММ дар Женева; Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо; Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ; Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Шоҳигарии Испания;
- 2023–2025 — сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ноябри соли 2025 — Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса.
Забонҳои хориҷӣ
Тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ, урду ва русӣ
Вазъи оилавӣ
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд