Дар Париж ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса доир гардид

27.09.2019 09:14

MEDEF-1.jpg

23-26 сентябри соли 2019, ҳайати бузурги иқтисодии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ба Фаронса ташриф овард. 

Дар ҳошияи сафар 23-24 сентябр ҳайати иқтисодии Тоҷикистон аз минтақаи кӯҳистони Алпи Фаронса — Савойя боздид намуда, дар шаҳри Шамберӣ бо намояндагони кластери кӯҳии Фаронса, аз ҷумла ширкатҳои «Savoie Mont Blanc», «MND Group», «POMA», «GEODE», «ADC Architectes», «Agence Alps» вохӯрӣ намуд.

Дар коммунаи Осуа намояндагони Тоҷикистон бо имкониятҳо ва модели иқтисодии коммунаи мазкур, инчунин иншооти сайёҳиву варзишӣ ва мавзеъҳои таьрихиву фарҳангӣ шинос шуданд.

Инчунин дар Париж таҳти ҳамраисии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода ва раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса Кристоф Фонтен ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса барпо шуд. Дар ҷаласа, аъзои ҳайати Тоҷикистон ба ҳозирин фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, имконоти сайёҳӣ, бахшҳо ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, сиёсати андозбандӣ, бонкӣ ва қарзӣ ва талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро муаррифӣ намуданд. Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати иқтисод ва молияи Фаронса, Агентии Фаронса оид ба рушд, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ширкатҳои «Schiver», «Thales International», «Trartebel Ingineering», «BRL Ingenerie», «EDF», «Fives» ва «IDF Radiocom Services» иштирок намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон вазъи кунунӣ ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф дар нишасти вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайати иқтисодии Тоҷикистон бо намояндагони ширкату корхонаҳои фаронсавӣ матраҳ гардид.

Инчунин дар Париж Фаррух Ҳамрализода роҳбарияти ширкатҳои «FIVES» ва «THALES», Директори департаменти аврупои Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Фредерик Мондолонӣ, ноиби котиби давлатии Вазорати иқтисод ва молияи Фаронса Клара Шеремитинскӣ вохӯрда, масъалаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, сайёҳӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устуворро матраҳ намуданд.

MEDEF-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg