Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия

14.12.2019 23:06

13 декабри соли 2019 дар шаҳри Рим дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба таври муфассал роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия мубодилаи афкор намуданд.

Саҳми афзори самараноки машваратҳои сиёсӣ дар ҷодаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

124.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg