Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири кулли СОК СММ

29.01.2020 15:51

29 январи соли 2020 дар Рим вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсуй Дунюй баргузор гардид.

Андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷорӣ намудани фанноварии навоварӣ дар соҳаи кишоварзӣ, рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин тадорукот ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор доштанд.

84242788-2657824551103083-4236499807415304192-o.jpg

83330157-2657824564436415-3504089685947318272-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg