Эълон дар бораи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ва кори участкаи интихоботӣ дар Париж

15.02.2020 10:45

Ҳамватанони гиромӣ,

            Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки рӯзи якшанбе, 1 марти соли 2020, дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бешубҳа яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии кишвар дар соли равон ба шумор меравад. Дар рафти интихобот вакилони мардумӣ ба палатаи поёнии Парлумон - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб мешаванд.

            Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса аз шаҳрвандони кишварамон, ки доимӣ ё муваққатан дар Фаронса иқомат доранд, даъват ба амал меорад, то ки онҳо дар овоздиҳии интихоботӣ фаъолона ширкат варзанд ва, ба ҳамин тариқ, ҳуқуқҳои конститутсионии худро татбиқ намоянд.

            Дар рӯзи интихобот, дар санаи 1 марти соли 2020, аз соати 09:00 то 17:00 дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса, ки дар суроғаи 42 Avenue Montaigne, 75008 Paris ҷойгир шудааст, участкаи интихоботӣ фаъолият хоҳад кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.

 

Бо камоли эҳтиром,

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Фаронса

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg