Ба маълумоти шумо мерасонем, ки шурӯъ аз 1 марти соли 2020 раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 60 рӯз ба ҳукми амал даромад.
Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рӯз амал карда, дорандаи он метавонад дар ҳудуди ҷумҳурӣ на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ аз санаи вуруд қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дода мешавад, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби соддакардашуда доранд. Раводиди мазкур ройгон буда, дархосткунандаи он бояд тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои коркарди раводиди электронии яккарата 30 доллари ИМА ё барои коркарди раводиди электронии бисёркарата 50 доллари ИМА пардохт намояд. Дар сурати рад гардидани дархост, маблағ ба дархосткунанда баргардонида намешавад.